Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёнаш аз ИДМ вомехӯрад

Date:

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 19-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Тавре дафтари матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ӯро дар ин сафар ёвари Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар вохӯрии мазкур табодули назари сарони кишварҳо атрофи вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ дар назар аст.

Мувофиқи қарори қабулшуда дар нишасти моҳи октябри сарони кишварҳои ИДМ дар Ашқобод, аз 1-уми январи соли 2020 раёсат дар ИДМ ба уҳдаи Ӯзбекистон вогузор мешавад.

Маҳз дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод президенти Русия Владимир Путин роҳбарони давлатҳои ИДМ-ро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) шомил нестанд, ба вохӯрии ғайрирасмии иттиҳоди иқтисодии рӯзи 20-уми декабр ба Санкт-Петербург даъват кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related