Мутахассиси сербиягӣ сармураббии “Хуҷанд” шуд

Мутахассис аз Сербия Никола Лазаревич сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ мутахассиси украинӣ Виталий Левченкоро, ки сармураббии беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд, иваз кард. Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанберо ба уҳда гирифт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, Никола Лазаревич аллакай дар тими “Хуҷанд” ба кор […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мутахассис аз Сербия Никола Лазаревич сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ мутахассиси украинӣ Виталий Левченкоро, ки сармураббии беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019 дониста шуд, иваз кард. Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанберо ба уҳда гирифт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, Никола Лазаревич аллакай дар тими “Хуҷанд” ба кор оғоз карда, таҳти роҳбарии ӯ даста ба бозиҳои марҳилаи интихобӣ (плей-офф)-и Ҷоми КФО-2020 омодагӣ мегирад. Ин бозиҳо рӯзҳои 19 ва 26 феврал баргузор мешаванд.

Ин мутахассиси сербиягӣ замоне ба ҳайси мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ дар дастаи “Истиқлол” ва тими мунтахаби Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ҳамчунин дар давраҳои гуногун дар тимҳои “Атлетико”-и Мадрид, “Зенит”-и Санкт-Петербург ва “Базел”-и Швейтсария давраҳои таҷрибаомӯзиро гузаштааст.

Тибқи маълумоти саҳифаи тими “Хуҷанд” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Рустам Хоҷаев ёвари Лазаревич таъин хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.