Интихобот дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф гардид

Date:

Дар Ӯзбекистон рӯзи якшанбе, 2-юми декабр маъракаи интихобот ба палатаи қонунгузори парлумон, ҳамчунин шӯроҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ доир гардид. Интихобот баргузоршуда эътироф гардид. Дар ин бора хабаргузории Фергана бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот иттилоъ медиҳад.

Агар ҳузури раъйдиҳандагон аз 33% бештар бошад, интихобот бургузоршуда дониста мешавад. Қариб 13 млн. нафар, яъне ҳудуди 69% аз шумори умумии раъйдиҳандагон ба овоздиҳӣ омаданд. Натиҷаҳои ниҳоӣ каме баъдтар ҷамъбаст мешаванд.

Ҷараёни интихоботро беш аз 300 намояндаи САҲА дар қисматҳои гуногуни кишвар пайгирӣ карданд. Роҳбари Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДҲБ/САҲА) Тан ле Зулуета қайд кардааст, ки мавҷуд набудани маҳдудият дар шумори нозирон таҷассуми шаффофияти ҷараёни инихобот дар Ӯзбекистон аст. Гузориши пешакиро созмон пас аз як рӯзи интихобот пешниҳод мекунад.

Дар интихоботи парлумонӣ ҳамаи 5 ҳизби сиёсии кишвар: Ҳизби демократии "Миллий тикланиш", Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократӣ ва Ҳизби экологӣ иштирок карданд.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот, ба рӯйхати ягонаи электронии раъйдиҳандагон дар Ӯзбекистон ин дафъа беш аз 20,5 млн. нафар шомил гардиданд. Аз ҷумла, наздики 1,7 млн. нафар интихобкунандагон дар қитъаҳои интихоботии хориҷи кишвар сабтином шуда буданд. Барои баргузории интихобот 10 306 қитъаи интихоботӣ таъсис дода шуд, ки 55-тои он дар 36 кишвари дигар амал мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...