Раиси ВМКБ пирӯзии Чоршанбе Аловатов ва гурӯҳи “Падида”-ро таҳният гуфт

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва мардуми Тоҷикистон ғолиби озмуни Central Asia's Got Talent Чоршанбе Аловатовро шодбош гуфтанд. “Барои ман боиси ифтихор ва сарбаландист, ки фарзанди кӯҳистон Чоршанбе Аловатов бо овози ширини хеш ва ансамбли рақсии "Падида" бо рақсҳои зебои тоҷикона фарҳангӣ миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд. Кулли мардуми сарбаланди Бадахшон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва мардуми Тоҷикистон ғолиби озмуни Central Asia's Got Talent Чоршанбе Аловатовро шодбош гуфтанд.

“Барои ман боиси ифтихор ва сарбаландист, ки фарзанди кӯҳистон Чоршанбе Аловатов бо овози ширини хеш ва ансамбли рақсии "Падида" бо рақсҳои зебои тоҷикона фарҳангӣ миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд. Кулли мардуми сарбаланди Бадахшон бо шумо ифтихор доранд. Ғолибияти шумо мояи сарбаландии мо мебошад. Ба шумо дар ҷодаи интихобкарда минбаъд низ пирӯзиҳои нав ба нав таманно дорам”, – навиштааст имрӯз дар номаи табрикотӣ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов.

Ҳамзамон ӯро ҳазорон тоҷикистонӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз дохилу хориҷи кишвар таҳният гуфтанд.

Чоршанбе Аловатов нимаи дуюми имрӯз аз Қазоқистон ба Ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони мақомоти давлатӣ, рӯзноманигорон ва садҳо нафар ҳаводорони ҳунараш бо гулдастаҳо ва парчами Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Ҳозирин бо хушнудию ифтихор номи ӯро шиорпартоӣ мекарданд.  

https://www.youtube.com/watch?v=xV7aTTn0ad4

Ёдовар мешавем, дирӯз шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар даври ниҳоии озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent миёни 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шоҳҷоизаро ба даст овард. Ӯ бо маҳорати баланди овозхонияш қалбҳои доваронро тасхир кард. Ҳамзамон теъдоди аз ҳама бештари бинандагон аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ ба ҷонибдории Чоршанбе Аловатов раъй доданд. Барои пирӯзияш ба ӯ 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд.

Ӯ чанде пеш дар мусоҳибаи Радиои “Азия-Плюс” 107FM оид ба фаъолияти эҷодии худ нақл карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.