Ҷаримабандии ронанда барои таваққуфи нодуруст баъд аз шикоят дар Facebook

Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook 22-юми декабр бо ирсоли акси қоидавайронкунии як ронанда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиши чораандешӣ кардааст. Маркази матбуотии раёсати мазкур хабар медиҳад, ки ин муроҷиат таҳти назорат ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-астра”, рақами қайди давлатиаш 8075 РВ 01, шаҳрванд Саиданвар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook 22-юми декабр бо ирсоли акси қоидавайронкунии як ронанда аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиши чораандешӣ кардааст.

Маркази матбуотии раёсати мазкур хабар медиҳад, ки ин муроҷиат таҳти назорат ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-астра”, рақами қайди давлатиаш 8075 РВ 01, шаҳрванд Саиданвар Расулов, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Кӯлоб ба қоидавайронкунии дағал роҳ дода, мошини худро дар ҷойи номуқаррар нигоҳ доштааст. Ин амали ӯ боиси халал ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ (тролейбуси № 8) дар назди таваққуфгоҳи боғи ба номи А.Рӯдакӣ ва норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Барои таваққуфи нодуруст ва эҷоди монеа ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ нисбат ба шаҳрванд Саиданвар Расулов бо моддаи 324 (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои қисми роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошини ӯ ба ҷаримагоҳи Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе интиқол гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.