Ҳукумати Ҷопон ба лоихаи обёрии ҷамоати «Чилдара»-и ноҳияи Тавилдара маблағгузорӣ мекунад

Date:


Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бо кӯмаки Ҷопон 820 нафар аҳолии деҳаи «Чилдара» заминҳои кишташонро обёрӣ мекунанд.


Чӣ тавре ки аз сафлорати Ҷопондар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба «Лоиҳаи сохтмони канали обёрӣ дар деҳаи «Чилдара»-и ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара

 

73651 доллари ИМА ҷудо карда шуд.




Обанбор ва канали


600 метра

барои обёрӣ кардани

40 гектар

замини кишт сохта


мешавад. Лоиҳа тавасути обёрӣ кардани заминҳо дар кӯҳистон ба кам кардани сатҳи


камбизоатӣ сабаб шуда метавонад. Инчунин хавфи офати табиӣ дар мавзеи мазкур паст


гардонида мешавад.



Саҳми аҳолӣ дар лоиҳа бисёр муҳим мебошад. Ассотсиатсияи истифодабарандагони об барои идора кардани системаи обёрӣ машғул хоҳанд шуд.



            Ҳукумати Ҷопон тайи ду соли охир ба сохтмони ҳафт лоиҳаи обёрӣ дар


Тоҷикистон кӯмак расонидааст. Беҳтар намудани системаи обёрӣ самараи ҳосилнокии


заминро махсусан дар чойҳое, ки системаи обёрӣ надоранд, баланд мекунад.



                Ноҳияи Тавилдара дар моҳи ҷорӣ бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон


ба иҷрои лоиҳаи мазкур шурӯъ кард. Дар назар гирифта шудааст, ки лоиҳа дар тайи 12


моҳ ба итмом хоҳад расид.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...