Эмомалӣ Раҳмон: Мо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ кам дорем

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон аз надоштани мутахассисони баландхтисоси касбӣ ва омодасозии кадрҳои пастсифат дар донишгоҳу донишкадаҳо изҳори нигаронӣ кард. “Айни ҳол мо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омадагӣ мебинем. Бисёр лоиҳаҳое дорем, ки симои шаҳру деҳоти моро зебо гардонида метавонанд. На он қадар хароҷоти […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон аз надоштани мутахассисони баландхтисоси касбӣ ва омодасозии кадрҳои пастсифат дар донишгоҳу донишкадаҳо изҳори нигаронӣ кард.

“Айни ҳол мо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омадагӣ мебинем. Бисёр лоиҳаҳое дорем, ки симои шаҳру деҳоти моро зебо гардонида метавонанд. На он қадар хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Мо муттахассисону меъморони сатҳи баланди касбӣ бениҳоят кам дорем. Агар дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат имрӯз чунин сатҳи пасти тайёр кардани кадрҳо бошад, беҳтарин истеъдодҳои ҷавонро интихоб карда, ба кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ фиристодан ва онҳоро тарбия карданамон зарур аст”, – гуфт сарвари давлат.

Ӯ ҳамчунин аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, то манзилҳои худро азнавсозӣ ё таъмир кунанд: “Ҷашни Истиқлолият танҳо аз соҳибкорону сохторҳои қудратӣ ва давлатӣ нест, балки аз кулли мардуми Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон давлатро ташкил медиҳад. Ҳар як оила хонаву дари худро ба тартиб дарорем, обод кунем, таъмир кунем”.

Раисҷумҳур афзуд: “Танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст”.

Бо истифода аз фурсат ӯ ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон изҳори сипос кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.