ВКХ Русия: Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 20% афзуд

Дипломатҳои Русия изҳор медоранд, ки дар муқоиса бо соли 2018 соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 20% афзудааст. Дар микроблоги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Twitter бо истинод ба сафири Русия дар Тоҷикитсон Игор Лякин-Фролов қайд мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дипломатҳои Русия изҳор медоранд, ки дар муқоиса бо соли 2018 соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 20% афзудааст.

Дар микроблоги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Twitter бо истинод ба сафири Русия дар Тоҷикитсон Игор Лякин-Фролов қайд мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 млрд. долларро ташкил хоҳад дод.

“Тибқи маълумоти гуногун, ҳудуди як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои пулкоркунӣ доимо дар Русия қарор доранд”, – таъкид кардааст дипломат.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон андаке бештар аз 2,5 млрд. доллар фиристоданд.

Нимаи моҳи декабр Бонки марказии Русия дар бораи интиқолҳои фаромарзии шахсони воқеӣ тӯли 9 моҳи соли равон маълумот нашр кард, ки мувофиқи он дар ин давра ба Тоҷикистон 1 млрд. 941 млн. доллар фиристода шуда, он ҳамагӣ 3 млн. доллар зиёдтар аз ҳамин давраи соли 2018 мебошад.

Соли ҷорӣ ҳаҷми як интиқол ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 154 долларро ташкил додааст.

Маълумоти солона аз ҷониби Бонки марказии Русия маъмулан дар охири семоҳаи аввали соли минбаъда нашр мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 3 млрд. доллар нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.