Солҳои 2020-2040 – Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар ихтироъкор, соҳибкор, ҳунарманд ва донишманд намерасад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар тамоми соҳаҳои кишвар ихтироъкор, соҳибкор, ҳунарманд ва донишманд намерасад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин сарвари давлат пешниҳод кард, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба ҳукумати мамлакат пешниҳод кунанд.

“Сифати таълимро бояд беҳтар гардонем. Агар ҳамин хел рафтан гирем, сухангӯю сухандон хеле зиёд мешаванд. Лекин ихтироъкор, соҳибкор, ҳунарманд, донишманд дар тамоми соҳаҳо намерасад. Минбаъд ҳимоя кардани рисолаҳои номзадию докторию академикиву дигарро аз нав бознигарӣ кардан даркор. Системаи Академияи улуми Тоҷикистонро аз нав дида баромадан даркор. Тамоми қолабҳои куҳнаро шикастан даркор”, – гуфт раисҷумҳур.

Вай инчунин пешниҳод кард, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.

“Сахтӣ накунед! Наврасону ҷавононро дар мактаб ва муассисаи таълимӣ бо тамоми роҳҳо бояд ҳавасманд кард”, – афзуд президент.

Ба қавли ӯ, мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд.

“Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем. Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.