Дарёфти ҷасади сержанти милитсия дар шарқи Тоҷикистон

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) субҳи 1-уми январ ҷасади сержанти милитсия Дилшодҷон Аҳлиддиновро ба пайвандону наздиконаш супурданд. Ба гуфтаи кормандони милитсия, ӯ дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ задааст. Ҷасади Дилшодҷон Аҳлиддиновро дар як анбори ангишти шуъбаи милитсияи ноҳия пайдо кардаанд. “Тибқи овозаҳо, Аҳлиддинов аз сабаби ҷанҷоли оилавӣ худкушӣ кардааст. Аммо ин танҳо […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) субҳи 1-уми январ ҷасади сержанти милитсия Дилшодҷон Аҳлиддиновро ба пайвандону наздиконаш супурданд. Ба гуфтаи кормандони милитсия, ӯ дар ҷойи кориаш даст ба худкушӣ задааст.

Ҷасади Дилшодҷон Аҳлиддиновро дар як анбори ангишти шуъбаи милитсияи ноҳия пайдо кардаанд.

“Тибқи овозаҳо, Аҳлиддинов аз сабаби ҷанҷоли оилавӣ худкушӣ кардааст. Аммо ин танҳо яке аз фарзияҳост. Айни замон тафтишот ҷараён дорад ва дар бораи натиҷаҳояш мо дертар хабар медиҳем”, – гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, пайвандону наздикони марҳум ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Манучеҳр Аҳлиддинов, бародари Дилшодҷон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хабари марги бародарашро аз аҳли хонавода шунидааст.

“Ба падару модарам гуфтаанд, ки ӯ субҳ соати 9 ба як анбори ангишти шуъба рафта, дар он ҷо ба зери манаҳаш ду тир задааст. Ҳамон рӯз бародарамро ба деҳаи Ҷайлған оварда, соати 4 дафн кардаанд. Зери манаҳи бародарам осори ду тир будааст”.

Манучеҳр Аҳлиддинов изҳор доштааст, ки ба худкушии бародараш бовар надорад, зеро ӯ “дар зиндагӣ ягон мушкили моддӣ надошт, бо оилааш ҷанҷолу хархаша надошт ва аз касе ҳам қарздор набуд”.

Ба қавли бародараш, Манучеҳр Аҳлиддинови 32-сола ним сол пеш дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ба кор шурӯъ кард. Ӯ зан ва як тифли хурдсол доштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.