Раисҷумҳур қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳоро ба имзо расонида шуданд. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба […]

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳоро ба имзо расонида шуданд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об”,  “Дар бораи хазинадорӣ”  ва “Дар бораи ниҳолпарварӣ”  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни нав “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” баҳри иҷрои дастурҳои президент аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Охири соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки қонуни амалкунанда дар бораи муқовимат бо экстремизм" ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест ва зарурати таҳияи қонуни нав ба миён омадааст.

Ҳадафи қабули қонуни нав пешгирии ҷалби шаҳрвандони кишвар ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳамчунин ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки қаблан ба гурӯҳҳои хориҷии тундгаро пайвастаанд.

Тағйироти нав дар қонун пеш аз ҳама ба санадҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ дар ин самт, аз ҷумла, қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дахл доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.