Арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав 7% боло рафт

Патенти ҳуқуқи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Маскав соли 2020 ба миқдори 350 рубл гаронтар шуд. Хабаргузории Interfax иттилоъ медиҳад, ки соли 2020 кормандони хориҷӣ барои гирифтани патент ба ҷойи 5000 рубли соли 2019 акнун 5350 рубл мепардозанд. Соли 2018 нархи ин ҳуҷҷат ба 4500 рубл баробар буд. Қобили зикр аст, ки аз соли […]

Asia-Plus

Патенти ҳуқуқи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Маскав соли 2020 ба миқдори 350 рубл гаронтар шуд.

Хабаргузории Interfax иттилоъ медиҳад, ки соли 2020 кормандони хориҷӣ барои гирифтани патент ба ҷойи 5000 рубли соли 2019 акнун 5350 рубл мепардозанд. Соли 2018 нархи ин ҳуҷҷат ба 4500 рубл баробар буд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 шаҳрвандони Украина, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кор дар қаламрави Маскав патент дастрас мекунанд.

Тибқи арзёбии пешакии департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрдории Маскав, соли 2019 воридоти маблағ ба буҷет дар шакли андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои гирифтани патент аз шаҳрвандони хориҷӣ 18 млрд. рублро ташкил додааст. То нимаи моҳи декабр 427 ҳазор нафар ин гуна ҳуҷҷат гирифтаанд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин муътақид аст, ҳама гуна муҳоҷири корие, ки барои кор ба пойтахти Русия меояд, бояд маблағи андоз бипардозад.

“Хизматрасонии муҳоҷирон барои корфармо набояд аз фаъолияти шаҳрвандони Русия арзонтар бошад. Ин мавқеи усулии муҳим аст. Мо бояд ба он ноил шавем, ки ҳама шахсони ба Маскав барои кор меомада худро ба қайд гузошта, мисли маскавиҳо андоз пардохт кунанд”, – гуфтааст Собянин дар машварати умумишаҳрӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.