КҲФ: Ҳамаи роҳҳо барои ҳаракати нақлиёт боз аст

Имрӯз ҳамаи роҳҳои мошингард ба минтақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт боз аст: рӯзҳои истироҳат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз тарма ва барф тоза карда шуд. Рӯзҳои наздик дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ хавфи тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз ҳамаи роҳҳои мошингард ба минтақаҳои Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт боз аст: рӯзҳои истироҳат шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз тарма ва барф тоза карда шуд.

Рӯзҳои наздик дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони ҷумҳурӣ хавфи тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва расонидани кумаки зарурии фаврӣ ба онҳо, қитъаҳои гуногуни роҳ аз ҷониби наҷотбахшони гурӯҳҳои зудамали КҲФ ва МГ Тоҷикистон мунтазам зери назорат қарор дорад.

Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, худдорӣ варзанд ва ҳушёру боэҳтиёт бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳодисаи нохуш дар роҳҳо, шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат кунанд: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.