Таъсиси боз як бонк дар Тоҷикистон. “Алиф Сармоя” ба “Алиф Бонк” табдили ном кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи таъсиси боз як бонк дар бозори бонкии кишвар хабар дод. Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, раиси он Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи таъсиси боз як бонк дар бозори бонкии кишвар хабар дод.

Бо қарори Раёсати Бонки миллӣ, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Алиф Бонк” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ Иҷозатнома дода шуд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, раиси он Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба раиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов барои васеъ кардани шабакаи фаъолият, аз ҷумла, кушодани воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва зиёд кардани хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус, қарздиҳӣ дастур дод.

Гуфта мешавад, бинобар табдилёбии ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз эътибор соқит дониста мешавад.

Аз ҷониби ҶСК ТАҚХ “Алиф Сармоя” дар робита ба табдилдиҳии он ба Бонк (ҶСК “Алиф Бонк”) расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.