ҲСДТ аз таҳрими интихоботи парлумонӣ даст кашид

Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки рӯзи 5-уми январ дар Душанбе доир гардид, тасмим гирифта шуд, ки таҳрими интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда рад карда мешавад. “Аксари вакилони анҷуман ба иштироки ҳизб дар интихобот овоз дода, ба ин васила аз пешниҳоди муҳтавои барномаи ҳизб ба интихобкунандагон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии […]

Дар анҷумани навбатии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ), ки рӯзи 5-уми январ дар Душанбе доир гардид, тасмим гирифта шуд, ки таҳрими интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда рад карда мешавад.

“Аксари вакилони анҷуман ба иштироки ҳизб дар интихобот овоз дода, ба ин васила аз пешниҳоди муҳтавои барномаи ҳизб ба интихобкунандагон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, ба рӯйхати ҲСДТ, ки пешвои ҳизб дар садри он қарор дорад, 8 номзад ба вакилии парлумон дохил шуданд.

Қаблан зикр гардида буд, ҲСДТ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба интихоботи парлумонӣ таҳрим эълон кунад.

Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ рӯзи 10-уми декабр масъалаи иштироки ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ ба таври ниҳоӣ ҳал нашуд.

Он замон аъзои раёсати Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифтанд, ки ин масъала ба баррасии вакилони анҷумани навбатии ҲСДТ рӯзи 5-уми январ пешниҳод шавад.

Дар муроҷиатномаи қаблан нашршудаи раиси ҲСДТ қайд шуда буд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маблағи гаравпулии интихоботро 5 ҳазору 800 сомонӣ (ҳудуди 600 доллар) муқаррар кардааст.

“Барои ҳар як номзад ба вакилии ҳизби сиёсӣ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ гузоштани гарави интихоботӣ ба маблағи 5800 сомонӣ, барои 10 нафар аз ҳизб 58000, барои 22 нафар – 127600 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст”, – зикр шуда буд дар муроҷиатнома.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.