Маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон оид ба ояндаи ҷаҳон

Дар Тоҷикистон маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон оид ба ояндаи ҷаҳон роҳандозӣ мешавад, ки ба муносибати 75-солагии созмони мазкур эълон шудааст. «Ман бо камоли майл муждаи дар Тоҷикистон амалӣ шудани маъракаи бошукӯҳи Дабири  кулли СММ оид ба ояндаи ҷаҳонро, ки аз ҷониби СММ ба ифтихори 75-солагии ин созмон эълон шудааст, ба самъи шумо  мерасонам», […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маъракаи калонтарини Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон оид ба ояндаи ҷаҳон роҳандозӣ мешавад, ки ба муносибати 75-солагии созмони мазкур эълон шудааст.

«Ман бо камоли майл муждаи дар Тоҷикистон амалӣ шудани маъракаи бошукӯҳи Дабири  кулли СММ оид ба ояндаи ҷаҳонро, ки аз ҷониби СММ ба ифтихори 75-солагии ин созмон эълон шудааст, ба самъи шумо  мерасонам», – гуфта мешавад дар паёми иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта. Дар ин бора  дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар паём қайд мешавад, ки СММ соли 1945 бо мақсади  дастгирии амалҳои дастаҷамъона ба хотири сулҳ, рушд ва таъмини ҳуқуқи ҳар як сокини сайёра таъсис ёфта буд. Аз он замон то имрӯз олам дигар шудааст, вале авлавиятҳои асосӣ тағйирнопазиранд. Ҳалли чунин масъалаҳо, аз қабили нобаробарӣ, тағйирёбии иқлим, тамоми шаклҳои зӯроварӣ, ки ба ноил шудан ба мақсадҳо дар бахши рушди устувор халал мерасонанд, назари умумии моро барои оянда, ҳамкориро бидуни  марзҳо, бахшҳо ва наслҳо тақозо мекунад.

Ташаббуси ҷаҳонии  СММ-75  ба гуфтгӯйи умумиҷаҳонӣ ва амалҳо дар он хусус мекӯшад, ки мо чӣ тавр метавонем, сарфи назар аз хатарҳои зикршуда, ҷаҳонро беҳтар созем. Ин ташаббус барои баргузор намудани музокирот дар ҳамаи сатҳҳо, аз синфхонаҳо то толори  ҷаласаҳо, аз парлумон то сатҳи  қабилаҳо, бо такя ба ҷавонон, занон ва духтарон ва садои  онҳое, ки аксаран  шунида намешавад, имкон фароҳам меорад.

«Маъракаи густурдаи миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири муҳокимаи масъалаҳои марбут ба ояндаи мо ва фарзандону набераҳоямон оғоз мегардад. Ба маърака ҷавонон ва калонсолон, занон ва мардон, соҳибкорон, хоҷагидорон, хизматчиёни давлатӣ, аъзои парлумон, духтарону писарон дар шаҳру деҳот фаро гирифта мешаванд», – қайд шудааст дар паёми  Пратибҳа Меҳта.

Андешаҳои дар ҷараёни суҳбатҳо ҳосилшуда барои ташаккули назари ҷаҳонӣ дар соли 2045, вақте 100-солагии СММ таҷлил мегардад, мусоидат мекунад. Ҳар як овоз ба дарки хатарҳо дар роҳи ноил шудан барои чунин оянда ва ҳавасмандгардонии дастаҷамъонаи амалиёт барои татбиқи ин назар кумак мерасонад.

“Ин ҷаҳони мо ва ояндаи мост. Хоҳиш менамоям, то ба ман ҳамроҳ шавед, ба хотири он ки ҳар шахс дар дилхоҳ  гӯшаи Тоҷикистон тавонад ақидаи худро дар бораи чӣ гуна будани ояндаи умумии мо баён намояд», – омадааст дар хотимаи паём.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.