Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Давронҷон Эргашев, ки мавсими гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастаи “Хуҷанд” хабар медиҳад. Давронҷон Эргашеви 31-сола беҳтарин ҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 эътироф шуда, дар бораи ҳамкорӣ бо тими “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд созиш ҳосил кард. Ин […]

Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Давронҷон Эргашев, ки мавсими гузашта дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастаи “Хуҷанд” хабар медиҳад.

Давронҷон Эргашеви 31-сола беҳтарин ҳимоятгари чемпионати Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 эътироф шуда, дар бораи ҳамкорӣ бо тими “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд созиш ҳосил кард. Ин даста барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 талош дорад.

Дастаи футболи “Хуҷанд” ба Давронҷон Эргашев барои ҳамкорӣ ва саҳмаш дар дастовардҳо изҳори сипос намуда, дар тими нав барояш комёбӣ орзу кард.

Тӯли солҳои гуногун Давронҷон Эргашев дар ҳайати дастаҳои “Хуҷанд», «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол», «Жетису», «Тараз» (ҳар ду – Қазоқистон) ва «Габала» (Озарбойҷон) ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ӯ аз соли 2008 дар 50 бозӣ ширкат варзидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.