Намояндаи Тоҷикистон раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ шуд

Дар шаҳри Теҳрон маросими муаррифии раиси нави Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО),  намояндаи Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ дар муассисаи мазкур баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин маросим Дабири кулли СҲИ Ҳодӣ Сулаймонпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ғуломризо Ансорӣ, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ва муовини раиси ҷумҳури ин […]

Дар шаҳри Теҳрон маросими муаррифии раиси нави Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ/ЭКО),  намояндаи Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ дар муассисаи мазкур баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин маросим Дабири кулли СҲИ Ҳодӣ Сулаймонпур, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ғуломризо Ансорӣ, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ва муовини раиси ҷумҳури ин кишвар Ашраф Буруҷердӣ, муовини Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Қурбоналӣ Пурмарҷон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири Афғонистон Абдулғафур Ливол, Сафири Туркия Дарё Урс ва дигар мақомоти фарҳангии Эрон суханронӣ карданд. Онҳо мақоми Муассисаи фарҳангии СҲИ-ро дар тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ таъкид сохта, ба Раиси нави Муассиса дар пешбурди фаъолиятҳои ин ниҳоди муҳимми минтақавӣ муваффақият орзу карданд.

Гуфта мешавад, раиси нави Муассисаи фарҳангии СҲИ Сарвар Бахтӣ низ дар суханронии худ таъкид намуд, ки дар давраи сесолаи раёсати Тоҷикистон тамоми талошашро ҷиҳати пешрафт ва рушди ин Муассиса ба кор хоҳад бурд. Аз ҷумла, вай ба барномаҳои худ дар ин давра, ки  ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви СҲИ-ро пайгирӣ мекунанд, ишора кард.

Сарвар Бахтӣ соли 1973 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2003 то 2006 дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷиии Русия дар бахши “муносибатҳои байнулмилалӣ” таҳсили илм кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.