Парлумони Эрон Пентагонро созмони террористӣ эътироф кард

Маҷлиси Эрон имрӯз барои созмони террористӣ эътироф шудани Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) овоз дод. Дар ин бора ТАСС иттилоъ медиҳад. Дар шарҳи санади қабулшуда раиси Маҷлис Алӣ Лориҷонӣ изҳор доштааст, ки “ҳамаи аъзои Вазорат ва ташкилоту муассисаҳи зертобеъ ё вобастаи он, ҳамчунин роҳбарони дастдошта ба қатли генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ […]

Asia-Plus

Маҷлиси Эрон имрӯз барои созмони террористӣ эътироф шудани Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) овоз дод. Дар ин бора ТАСС иттилоъ медиҳад.

Дар шарҳи санади қабулшуда раиси Маҷлис Алӣ Лориҷонӣ изҳор доштааст, ки “ҳамаи аъзои Вазорат ва ташкилоту муассисаҳи зертобеъ ё вобастаи он, ҳамчунин роҳбарони дастдошта ба қатли генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ Қосим Сулаймонӣ террористон дониста мешаванд”.

Аз лоиҳаи қонун 228 нафар вакилон ҷонибдорӣ карданд. Дар раъйдиҳии Маҷлис ҳамагӣ 238 нафар вакилони мардумӣ ширкат варзиданд.

Дар лоиҳаи мазкур тағйирот ба қонуни моҳи апрели соли гузашта қабулшуда дар назар аст. Дар қонуни пешина Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА созмони террористӣ эътироф гардида буд. Мувофиқи матни он, “ҳамаи нерӯҳои амрикоии мустақар дар Ховари Миёна террористӣ буда, ҳукумати ИМА сарпарасти террористон мебошад”. Қонун дар посух ба қарори президенти ИМА Доналд Трамп аз 8-уми апрел доир ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ дохил кардани Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ қабул шуда буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳамлаи ҳавоии ИМА ба мавзеи назди фурудгоҳи Бағдод шаби 3-юми январ, ки бар асари он генерал Сулаймонӣ кушта шуд, вазъ дар гирду атрофи Эрон муташанниҷ шуд. Барои ин амал Теҳрон ба Вашингтон “интиқоми сахт” ваъда дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.