Портали МегаФон Тоҷикистон барои дӯстдорони матбуот

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба намунаҳои литсензионии электронии маҷаллаҳои маъруф дастрасӣ мекушояд. Дар портали нави “Mega Pressa” метавон чунин нашрияҳоро ба монанди “Men’s Health”, “Vogue”, “Elle”, “Forbes” ва дигарҳоро мутолиа намуд. Арзиши хизматрасонӣ – 0,70 сомонӣ дар як шабонарӯз. “Портали нав аз он ҷиҳат қулай аст, ки бисёри нашрияҳои ҷаҳониро дар як ҷой ҷамъ овардааст. Зарурат […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба намунаҳои литсензионии электронии маҷаллаҳои маъруф дастрасӣ мекушояд. Дар портали нави “Mega Pressa” метавон чунин нашрияҳоро ба монанди “Men’s Health”, “Vogue”, “Elle”, “Forbes” ва дигарҳоро мутолиа намуд. Арзиши хизматрасонӣ – 0,70 сомонӣ дар як шабонарӯз.

“Портали нав аз он ҷиҳат қулай аст, ки бисёри нашрияҳои ҷаҳониро дар як ҷой ҷамъ овардааст. Зарурат ба гузариш аз сомона ба сомона ё пардохти ҳаққи дастрасӣ ба маҷаллаҳои мухталиф вуҷуд надорад.  Ин имконият махсусан ба онҳое писанд меояд, ки мехоҳанд бо шумораҳои тозатарини нашрияҳои дӯстдошта маҳз ҳамон вақте, ки онҳо дар намунаи чопӣ ба табъ мерасанд, шинос гарданд – махфӣ нест, ки намунаҳои электронӣ барои дастрасии ройгон танҳо пас аз якчанд моҳ гузошта мешаванд”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед Бобоалиев.  

Нашрияҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба муштариёни оператори якуми имкониятҳои нави рақамӣ дар портали megapressa.tj барои хониш дар реҷаи онлайн бе имконияти боргирӣ дастрас мебошанд. Ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ трафики интернет нархгузорӣ нашуда, аз бастаҳои қаблан фаъолнамудаи муштарӣ сарф карда намешавад. 

Барои обунашавӣ ба портал бояд USSD-дархост ба рақами *4021# ирсол карда шавад, пас аз ин ба муштарӣ SMS-паёмак бо маълумот оид ба ҳолати обуна, ва инчунин логин ва парол барои дастрасӣ ба портал ирсол карда мешаванд. Барои қатънамоии хизматрасонӣ бояд дархости *4021*0# ё SMS бо матни “Стоп 1” ба рақами 4021 ирсол карда шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.