Бонуи тоҷири тоҷик номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ шуд

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) директори ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн” Сурайё Уроқоваро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд, ширкати зери роҳбарии ӯ ба сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон машғул аст. Аз ҷумла, дар маросими ба истифода додани яке аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) директори ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн” Сурайё Уроқоваро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд, ширкати зери роҳбарии ӯ ба сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон машғул аст.

Аз ҷумла, дар маросими ба истифода додани яке аз хонаҳо моҳи июни соли 2016 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт. Барои бунёди маҷмааи истиқоматии 12-ошёна дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ширкати Сурайё Уроқова беш аз 27 млн. сомонӣ маблағ масраф кард.

Ӯ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ мешавад.

Дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки кори худро охири моҳи феврал ба итмом мерасонад, ҳавзаи интихоботии мазкурро узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии кишвар Шарофиддин Сироҷов намояндагӣ мекард.

Агар Уроқова эътимоди мардумро ба даст оварда, вакил интихоб шавад, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ӯро лозим меояд, аз фаъолияти соҳибкорӣ даст кашад, зеро вакилони парлумон чун ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба тиҷорат машғул шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.