Пешбарии раиси Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон номзад ба вакилии парлумон

Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд. Қодири Қосим 9-уми апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “агроном” хатм ва фаъолияти меҳнатиро ҳамон сол ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд.

Қодири Қосим 9-уми апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси “агроном” хатм ва фаъолияти меҳнатиро ҳамон сол ба ҳайси агрономи совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз кардааст.

Ҳамчунин ба ҳайси сарагрономи совхози “50-солагии СССР”, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми Кумитаи комсомоли Тоҷикистон дар вилоят, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва раиси ВМКБ ифои вазифа кардааст.

Рӯзи 23-юми январи соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифаи роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” озод карда шуд.

Моҳи феврали соли 2017 Қодири Қосим раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.