Пешбарии номзадии раиси ноҳияи Қубодиён ба вакилии парлумон

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода аз Ҳизби халқии демократии Точикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, номзадии Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён-31 дар конфронси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён дастгирӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода аз Ҳизби халқии демократии Точикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, номзадии Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён-31 дар конфронси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён дастгирӣ ёфтааст.

Номбурда аз моҳи декабри соли 2016 инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2017 узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Зафар Файзуллозода то раиси ноҳияи Қубодиён таъйин шуданаш, мушовири раиси вилояти Хатлон буд.

Вай имрӯз бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Бадриддин Садриддинзода таъйин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.