Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Душанбе мусобиқаи футзал байни духтарони синни то 19-сола идома дорад. Дар мусобиқа 4 дастаи мунтахаби минтақаҳо – шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Хатлон-2 ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд.

– Дар Рим (Италия) Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштин оғоз мегардад. Дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд.

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1 доллари ИМА – 9.6924 сомонӣ;

1 евро – 10.7683 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1941 — Дар Бадахшони Кӯҳӣ, наздикии маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нерӯгоҳи обӣ-барқии Помир ба истифода дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1943 — Анҷоми сохтмони Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА) – бинои маъмурии бузургтарин дар ҷаҳон (604 ҳазор метри мураббаъ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1962 — Дар тамрингоҳи Семипалатинск (Қазоқистони Шарқӣ)-и ИҶШС бори нахуст таркиши зеризаминии ядроӣ гузаронида шуд.

2001 — Президент Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи давра ба давра кӯчонидани оилаҳои ҷавон аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиёну Бешкенти вилояти Хатлон»-ро имзо кард.

2002 — Дар пойтахти Тоҷикистон сафоратхонаи Ҷопон кушода шуд.

1962 — Зодрӯзи Давлатов Нусратулло Муқимович, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар Урдун иди миллии Рӯзи дарахт ҷашн гирифта мешавад, ки муддати се рӯз идома ёфта, пеш аз ҳама, ба шинонидани ниҳол вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд —  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳои туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 5-10° хунук то 13-18° хунук, рӯзона 1-6 хунук, дар шарқи вилоят шабона 23-28° хунук , рӯзона 7-12° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —   Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 11-13° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...