Созишномаи сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон тасдиқ мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунад. “Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон баррасии масъалаи тасдиқи “Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таъмини моддӣ-техникии панҷ муассисаи таълимии таҳсилашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода” дар назар аст”, – хабар […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.

“Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи парлумон баррасии масъалаи тасдиқи “Созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва таъмини моддӣ-техникии панҷ муассисаи таълимии таҳсилашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода” дар назар аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

Ҳадаф аз имзои Созишнома давра ба давра бунёди 5 мактаби таҳсилоти умумӣ бо таълими забони русӣ дар ин шаҳрҳо мебошад, ки ҳар кадоме барои таҳсили 1,2 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ шудааст.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳо таълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон Русия 6 млрд. рубл – наздики 1,2 млрд. рубл барои ҳар кадоме аз мактабҳо маблағ ҷудо мекунад.

Созишнома моҳи апрели соли гузашта дар Маскав пас аз гуфтушуниди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.