Пешбарии собиқ раисони ноҳияҳои Мастчоҳ, Қубодиён ва Шуғнон ба вакилии парлумон

Собиқ раисони ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, ноҳияи Шуғнон – Азиз Гиёзода ва ноҳияи Қубодиён – Зафар Файзуллозода, ки 13-уми январ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Ҳизби халқии демкратии Тоҷикистон (ҲХДТ) хабар доданд, қарорҳо дар бораи пешбарии онҳо ба вакилии парлумон […]

Собиқ раисони ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода ва ноҳияи Қубодиён – Зафар Файзуллозода, ки 13-уми январ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Ҳизби халқии демкратии Тоҷикистон (ҲХДТ) хабар доданд, қарорҳо дар бораи пешбарии онҳо ба вакилии парлумон дар конфронсҳои ташкилотҳои ноҳиявии ин ҳизб қабул шудааст.

Имрӯз, 15-уми январ дар Тоҷикистон ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ, ки 1-уми январ оғоз гардида буд, ба итмом мерасад.

Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳар кадоми онҳо як вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад.

Бақайдгирии расмии номзадҳо аз 16-уми январ шурӯъ мешавад.

Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.