Ҳалокати як нафар дар маркази Душанбе аз таркиши норинҷак

Рӯзи 14-уми январ аз таркиши норинҷаки дастӣ дар маркази шаҳри Душанбе сокини пойтахт Иван Мезентсев ҳалок шуд. “Муайян карда шуд, ки норинҷаки РГД-5-ро Мезентсеви 33-сола дар хонааш бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Бо сабабҳои номаълум ӯ дар ҳолати мастӣ норинҷакро бо худ мегирад”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Бино […]

Asia-Plus

Рӯзи 14-уми январ аз таркиши норинҷаки дастӣ дар маркази шаҳри Душанбе сокини пойтахт Иван Мезентсев ҳалок шуд.

“Муайян карда шуд, ки норинҷаки РГД-5-ро Мезентсеви 33-сола дар хонааш бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5 ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Бо сабабҳои номаълум ӯ дар ҳолати мастӣ норинҷакро бо худ мегирад”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти ВКД, вақти дар даромадгоҳи бинои хона қарор доштан нориҷак дар дасти мард таркидааст. Аз ҷароҳатҳои бардошта Мезентсев дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, айни замон санҷиши ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.