Дар маҷлиси нахустини Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон раиси Шӯрои мудирон таъин карда шуд

            Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси Душанбе» Маҷлиси умумии нахустини Ассотсиатсияи «АмҶам Тоҷикистон» (Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис намояндагони 23 узви ассотсиатсия, ки ширкатҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷиро дар тамоми бахшҳои иқтисод намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.             Чӣ тавре ки як корманди Палатаи савдои Амрико дар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси Душанбе» Маҷлиси умумии нахустини Ассотсиатсияи «АмҶам Тоҷикистон» (Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис намояндагони 23 узви ассотсиатсия, ки ширкатҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷиро дар тамоми бахшҳои иқтисод намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.





           

Чӣ тавре ки як корманди Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маҷлиси умумӣ масоили марбут ба фаъолияти ассосиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба роҳандозии фаъолият ва рушди минбаъдаи он қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Дар маҷлис 9 аъзо ва раиси шӯрои мудирон, раисони кумитаҳо ва раиси комисссияи тафтишотии ассотсиатсия интихоб гардиданд. «Аз рӯи ҳисоби кумитаи интихобот, ки аз меҳмонони холис ташкил гардида буд, тавассути овоздиҳии пӯшида бо аксари кулли овоз директори генералии намояндагии


Tethys Petroleum

дар Тоҷикистон Назир Шарипов ба муддати ду сол ба вазифаи раиси шӯрои мудирон интихоб карда шуд», – гуфт ӯ ва фазуд, ки ҳамзамон сохтори ассотсиатсия ва ваколати ҳар як воҳиди ҷудогонаи он низ тасдиқ карда шуданд.





           

Эд Биман, мушовири минтақавӣ оид ба масоили техникии лоиҳаи беҳбуди муҳити тиҷорат /Корпоратсияи Прагма), ки узви ҳайати шӯрои мудирон интихоб гардид, гуфт, вохӯрии мазкур ҷиҳати оғози фаъолият ва ташаккули ассотсиатсия хеле муҳим аст. «Хурсандиовар аст, ки намояндагони бахши тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти хеш зарурати узвият ба ассостсиатсияро ба хубӣ дарк кардаанд», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.