Ҷасади зани танҳо аз манзили истиқоматияш дарёфт шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар кӯчаи Бухорои пойтахт ҷасади зани 66-соларо аз манзили истиқоматияш дарёфт карда, барои таҳқиқи маргаш ба мақомоти дахлдор супориданд. Бино ба иттилои КҲФ, сокинони кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе субҳи 15-уми январ бо занги телефонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар кӯчаи Бухорои пойтахт ҷасади зани 66-соларо аз манзили истиқоматияш дарёфт карда, барои таҳқиқи маргаш ба мақомоти дахлдор супориданд.

Бино ба иттилои КҲФ, сокинони кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе субҳи 15-уми январ бо занги телефонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз инҷониб аз хона берун намеояд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки эҳтимол бонуи танҳо ба мусибате гирифтор шудаву имкони боз кардани дарашро надорад.

Дастаи зудамали наҷоти раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе иборат аз 5 нафар фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Онҳо якҷо бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ва ниҳодҳои дахлдор вориди манзили шаҳрванд гардиданд. Пиразани танҳои 66-сола дар кулбаи худ беҷон мехобид. Марги ӯ кай фаро расида ва иллати маргаш чӣ будааст, ҳоло ташхис мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 кормандони наҷоти Кумита 235 нафар шаҳрвандонро дар ҳолатҳои гуногун аз хатар наҷот доданд: аз ҷумла, 17 нафар аз тарма, 28 кас дар садамаҳои нақлиётӣ, 7 нафар аз сӯхтор, 71 нафар ҳангоми кушодани дарҳои оҳанӣ, 54 кас дар обҳои кишвар, 33 нафар дар лифтҳои азкормонда.

Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ 280 нафар мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт ба ҷойи бехавф интиқол дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.