Ҳаракати таксиҳои барориши то соли 2014 дар Душанбе манъ мешавад

Пас аз дархости раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ, Вазорати нақлиёт фармоиш дод, ки истифодаи мошинҳои истеҳсолашон то соли 2014 дар хадамоти таксии пойтахт манъ карда шавад. Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ин қарор бо мақсади афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм қабул шудааст. “Мувофиқи меъёрҳо, дар Душанбе барои […]

Пас аз дархости раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ ва беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ, Вазорати нақлиёт фармоиш дод, ки истифодаи мошинҳои истеҳсолашон то соли 2014 дар хадамоти таксии пойтахт манъ карда шавад.

Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ин қарор бо мақсади афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм қабул шудааст.

“Мувофиқи меъёрҳо, дар Душанбе барои 1000 кас як нақлиёти ҷамъиятӣ зарур буда, бо таксиҳо асосан ба масофаҳои кӯтоҳ – аз 3 то 5 км мераванд. Онҳо набояд бо ин хатсайрҳо равуо кунанд”, – қайд кард Давлатов.

Ба ақидаи ӯ, маҳз бинобар зиёд будани шумори таксиҳо дар роҳҳои шаҳр ҳодисаҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд меояд.

Тибқи маълумоти сарвари корхона, айни замон 2300 мошини сабукрав ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд, ки 1271-тои онҳо автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2014 буда, тасмим гирифта шудааст, ки маҳз ҳамин миқдор нақлиёти мусофиркаш аз роҳҳои шаҳр гирифта мешавад.

Бо фармоиши вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода аз 19-уми апрели соли 2019 таҳти №83, шурӯъ аз соли 2020 ба мошинҳои истеҳсоли то соли 2014 хизматрасонӣ ба мусофирон дар хадамоти такси иҷоза дода намешавад. Аз 11 хадамоти таксии пойтахт танҳо ширкати “Олуча такси” аз иҷрои ин фармоиш озод аст, зеро ҳамаи мошинҳояш истеҳсоли 2017 мебошанд.

Барои шаҳр суръати миёна барои ҳаракати троллейбусу автобус ва таксиҳо пешбинӣ шудааст. Аксари таксиронҳои шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.

– Ин мошинҳо дигар ба мусофиркашонӣ машғул намешаванд. Бар асари ҳамеша дар ҳаракату равуо будани онҳо, бисёр вақт ҳодисаҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меояд, – гуфт номбурда.

Ба қавли ӯ, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ба автомашинаҳои кӯҳна мусофиркашонӣ иҷоза дода намешавад.

“Кӯҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии мо 8-сола аст. Қариб ҳамаи мошинҳои мо наванд. Чанд рӯз пеш 8 троллейбуси нав ба Душанбе оварда шуд. Ният дорем, ки боз 100 троллейбуси нав биёрем”, – таъкид дошт сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.