Муфтии Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо экстремизмро ба наҷотбахшон шарҳ дод

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон  сарвари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ҳайати шахсии кумита мулоқот кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро мавриди суҳбат қарор гирифт. Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки […]

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон  сарвари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ҳайати шахсии кумита мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро мавриди суҳбат қарор гирифт.

Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки экстремизм ва терроризм як нерӯи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд.

“Идеологҳои экстремизм ва  терроризм даъват мекунанд, ки ҳамаи намояндагони динҳои дигар аз заминҳое, ки дар он мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, бояд раванд ва ба муқобили ҳукуматҳое ҷанг эълон кардаанд, ки ба ақидаи онҳо исломӣ нестанд ва ин ақидаву ғоя инсониятро ба партгоҳе тела медиҳад”, – гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи сарвари мусалмонони Тоҷикистон, мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад.

“Бояд асли ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Васитаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард”, – иброз дошт ӯ.

Муфтии Тоҷикистон дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии ислом, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав нақл кард. Вай ҳамчунин ба як силсила тарҳҳое низ ишора кард, ки онҳоро Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо амалӣ месозад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.