Филми коргардони зодаи Тоҷикистон довталаби “Оскар” шудааст

Date:

Рӯзи 13-уми январ филмҳои довталаби ҷоизаи “Оскар-2020” эълон шуданд. Дар бахши филми кутоҳмуддати тасвирӣ маҳсули зодаи Тоҷикистон Даря Кашеева зикр шудааст.

Дар ин бора Кашеева дар торнамои худ хабар додааст. Филми кӯтоҳмуддати “Духтар” (Дочь) дар бораи муносибатҳои душвори падару духтар ҳикоят мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Даря Кашеева

Ин филми тасвирӣ соли 2019 ба сифати кори дипломӣ дар Академияи ҳунарҳо дар Прага (FAMU) наворбардорӣ шудааст. Бори нахуст дар ҷашнвораи филмҳои тасвирӣ дар Аннеси намоиш дода шуда, барои беҳтарин филми донишҷӯйӣ соҳиби ҷоизаи “Кристалл” шуд.

Даря Кашеева дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аввали солҳои 90-ум хонаводааш ба Русия мекӯчанд. Айни замон ӯ бо шавҳараш дар Прага зиндагӣ мекунад.

МЕДИА (IFRAME)

“Ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаам, вале ҳамаи аҳли оилаамон русанд. Вақте чаҳорсола будам, Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид… Бо аҳли хонавода ба Русия кӯчидем. То 16-солагӣ дар Валдай зиндагӣ карда, аввал ба Великий Новгород ва сипас дар 17-солагӣ ба Маскав рафтам. Аввалҳо хуб буд, аммо баъд дар пойтахт худро ноҳинҷор ҳис мекардам. Аз ин рӯ, Маскаву Валдай ва Душанберо ҷойи худӣ эҳсос намекунам. Ҳамаи онҳо гӯё макони муваққатӣ буданд”, – иброз доштааст ӯ дар мусоҳибаи «АфишаDaily».

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Филми “Духтар” соҳиби зиёда аз 30 ҷоизаю мукофоти ҷашнвораҳои синамои байнулмилалӣ ва донишҷӯйӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки маросими тақдими ҷоизаҳои “Оскар-2020” рӯзи 9-уми феврал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...