Талаби 120 ҳазор сомонӣ барои раҳоӣ аз маҳбас

Дар шимоли Тоҷикистон як зан барои аз зиндон озод кардани мӯйсафеди 69-сола аз писари ӯ 120 ҳазор сомонӣ талаб карда, вақти гирифтани маблағ боздошт шудааст. Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд. Гумонбар аввалҳои моҳи январи соли 2020 […]

Дар шимоли Тоҷикистон як зан барои аз зиндон озод кардани мӯйсафеди 69-сола аз писари ӯ 120 ҳазор сомонӣ талаб карда, вақти гирифтани маблағ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд.

Гумонбар аввалҳои моҳи январи соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш озод кардани падари 69-солаи ӯ, ки соли 2008 бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст, 120 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Ин зан ҳангоми гирифтани маблағи мазкур 13-уми январ дастгир шудааст.

Ҳамчунин дар рафти тафтишот маълум гардид, ки номбурда соли 2015 барои озод кардани падари ҷабрдида маблағи 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд.

Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.