Филми коргардони зодаи Тоҷикистон довталаби “Оскар” шудааст

Рӯзи 13-уми январ филмҳои довталаби ҷоизаи “Оскар-2020” эълон шуданд. Дар бахши филми кутоҳмуддати тасвирӣ маҳсули зодаи Тоҷикистон Даря Кашеева зикр шудааст. Дар ин бора Кашеева дар торнамои худ хабар додааст. Филми кӯтоҳмуддати “Духтар” (Дочь) дар бораи муносибатҳои душвори падару духтар ҳикоят мекунад. Ин филми тасвирӣ соли 2019 ба сифати кори дипломӣ дар Академияи ҳунарҳо дар […]

Рӯзи 13-уми январ филмҳои довталаби ҷоизаи “Оскар-2020” эълон шуданд. Дар бахши филми кутоҳмуддати тасвирӣ маҳсули зодаи Тоҷикистон Даря Кашеева зикр шудааст.

Дар ин бора Кашеева дар торнамои худ хабар додааст. Филми кӯтоҳмуддати “Духтар” (Дочь) дар бораи муносибатҳои душвори падару духтар ҳикоят мекунад.

Ин филми тасвирӣ соли 2019 ба сифати кори дипломӣ дар Академияи ҳунарҳо дар Прага (FAMU) наворбардорӣ шудааст. Бори нахуст дар ҷашнвораи филмҳои тасвирӣ дар Аннеси намоиш дода шуда, барои беҳтарин филми донишҷӯйӣ соҳиби ҷоизаи “Кристалл” шуд.

Даря Кашеева дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аввали солҳои 90-ум хонаводааш ба Русия мекӯчанд. Айни замон ӯ бо шавҳараш дар Прага зиндагӣ мекунад.

“Ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаам, вале ҳамаи аҳли оилаамон русанд. Вақте чаҳорсола будам, Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид… Бо аҳли хонавода ба Русия кӯчидем. То 16-солагӣ дар Валдай зиндагӣ карда, аввал ба Великий Новгород ва сипас дар 17-солагӣ ба Маскав рафтам. Аввалҳо хуб буд, аммо баъд дар пойтахт худро ноҳинҷор ҳис мекардам. Аз ин рӯ, Маскаву Валдай ва Душанберо ҷойи худӣ эҳсос намекунам. Ҳамаи онҳо гӯё макони муваққатӣ буданд”, – иброз доштааст ӯ дар мусоҳибаи «АфишаDaily».

Филми “Духтар” соҳиби зиёда аз 30 ҷоизаю мукофоти ҷашнвораҳои синамои байнулмилалӣ ва донишҷӯйӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки маросими тақдими ҷоизаҳои “Оскар-2020” рӯзи 9-уми феврал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.