Қадрдонии намояндагони Тоҷикистон бо мукофотҳои ИМА дар соҳаи ҳифзи ҳайвонҳои нодир

Дар шаҳри Ренои аёлати Невадаи ИМА рӯзҳои 16-18 январ сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар намоиши «2020 Sheep Show Convention» бо даъвати “Wild Sheep Foundation” ширкат варзид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур бо мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид. […]

Дар шаҳри Ренои аёлати Невадаи ИМА рӯзҳои 16-18 январ сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим дар намоиши «2020 Sheep Show Convention» бо даъвати “Wild Sheep Foundation” ширкат варзид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, чорабинии мазкур бо мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид.

Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби намоиши имсола ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода барои комёбиҳои касбӣ дар муҳофизати гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон ҷоизаи “International Conservation Statesman Award” тақдим шуд.

Сафири Тоҷикистон дар ИМА бо назардошти эътироф ва қадрдонии комёбиҳои дипломатӣ дар пешбурди муносибатҳо ҷиҳати муҳофизат ва идоракунии гӯсфандони нодир дар Тоҷикистон бо ҷоизаи “International Wildlife Conservation Ambassador Award” қадрдонӣ шуд.

Зикр мегардад, ки сафир ҷоизаҳоро қабул карда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои қадрдонӣ изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, таҳкими ҳамкориҳо ба амалисозии ин иқдом мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.