ВКХ: Тоҷикистон алҳол шаҳрвандонашро аз Чин берун намебарад

Дар робита ба ҷорӣ кардани маҳдудияти равуо дар вилояти Хубэйи Чин айни замон масъалаи интиқоли шаҳрвандони хориҷиро ба берун аз ҳудуди шаҳри Ухан баррасӣ намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки “дар сурати пеш омадани зарурати хориҷ кардани донишҷёӯни тоҷик […]

Asia-Plus

Дар робита ба ҷорӣ кардани маҳдудияти равуо дар вилояти Хубэйи Чин айни замон масъалаи интиқоли шаҳрвандони хориҷиро ба берун аз ҳудуди шаҳри Ухан баррасӣ намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки “дар сурати пеш омадани зарурати хориҷ кардани донишҷёӯни тоҷик аз вилояти Хубэй, Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Чин масъалаи ба берун аз ҳудуди ин вилоят бурдани онҳоро ҳал мекунад”.

Ёдрас мекунем, ки чанде аз кишварҳо ба хориҷ кардани шаҳрвандони худ аз Чин, аз ҷумла шаҳри Ухан оғоз карданд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин, дар ин кишвар айни замон 3500 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд, ки 50 нафарашон дар шаҳри Ухан қарор доранд. Дар ин шаҳр карантин эълон шуда, вуруду хурӯҷ манъ шудааст.

Ба гуфтаи як донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Чэнду (наздикии шаҳри Ухан), ки чанде пеш бо мо дар тамос шуда, изҳор дошта буд, ки аз Чин парвоз карда наметавонад, пагоҳ, 31-уми январ ӯ ва боз 6 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба Тошканд парвоз мекунанд. Шаҳри Чэнду баста нест.

Чанде пеш дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” мушовири сафорати Тоҷикистон дар Чин Шуҳрат Собирзода изҳор дошта буд, ки “маҳдудияте барои рафту омад ба дигар шаҳру ноҳияҳои Чин вуҷуд надорад. Шаҳрвандон бе мушкилӣ метавонанд Чинро тарк кунанд. Нафароне, ки чипта доранд, ба Ватан баргашта истодаанд. Шаҳрвандоне, ки ба мушкилӣ дучор омадаанд, муроҷиат кунанд, кумак мерасонем”.

Ба сафорат метавон тариқи почтаи [email protected] муроҷиат намуд.

Шаҳрвандон метавонанд, дар ҳолатҳои фавқулодда ба мақомоти маҳаллӣ ва мустақиман ба масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Чин муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров (+86 18511786686); Амриддин Носиров (+86 18514270747) ва Фаромуз Муҳаммадиев (+86 13522787975). Нишонии Сафорати Тоҷикистон дар Чин: No. 1-4, Section A, Liangmaqiao Diplomatic Compound, Beijing 100600, P.R.C.; tel.: (8610) 65322598, fax: (8610) 65323039.

Тӯли шабонарӯзи ахир дар Чин бар асари сироят аз коронавируси 2019-nCoV 38 нафар фавтиданд. Ҳамин тариқ, шумори умумии фавтидагон аз вирус ба 170 нафар расид. Ғайр аз ин, боз 1700 ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор шудааст.

Дар ин кишвар аллакай 7711 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шуда, 12167 нафар ба сироятёбӣ аз вирус гумонбар мешаванд.

Ҳукумати Чин ҳамчунин ҳолати нахусти гирифторӣ ба беморӣ аз ин вирусро дар Тибет тасдиқ кард. Тибет ягона қисмати Чин боқӣ монда буд, ки вирус паҳн нашуда буд.

Ба ҳолати шоми 29 январ дар берун аз ҳудуди Чин 50 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар Австралию, Ветнам, Канада, Малайзия, АМА, Сингапур, ИМА, Таиланд, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Олмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.