Палатаи ҳисоб: дар татбиқи лоиҳаи “Манзили дастрас” ҳудуди 42 млн сомонӣ зиён ошкор шуд

Дар фаъолияти КВД “Манзили дастрас” дар ҳаҷми наздики 42 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуд. Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки бо дархости Прокуратураи генералӣ Палата фаъолияти корхонаро санҷида, маълум шуд, ки қисмате аз маблағҳои саҳҳомон, ки ба сифати пешпардохт дода шудаанд, ба суратҳисоби корхона нагузаштааст. Ба гуфтаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар фаъолияти КВД “Манзили дастрас” дар ҳаҷми наздики 42 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор шуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки бо дархости Прокуратураи генералӣ Палата фаъолияти корхонаро санҷида, маълум шуд, ки қисмате аз маблағҳои саҳҳомон, ки ба сифати пешпардохт дода шудаанд, ба суратҳисоби корхона нагузаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи солҳои 2013-2018 барои саҳмгузорӣ ба сохтмони манзил ҳамагӣ 215 нафар ба хазинаи КВД “Манзили дастрас” 27 млн сомонӣ пули нақд супорида, лекин минбаъд онҳо дар қисмати даромади корхона зикр наёфтаанд.

“Дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявии КВД “Манзили дастрас” ба сурати умум ба маблағи 41 млн 947 ҳазор сомонӣ зарари умумии молиявӣ ошкор шуда, аз ин миқдор ҳудуди 24,8 млн. сомонӣ (59%)-аш ба буҷети корхона баргардонида шуд ва дар мавриди баргардонидани 18 млн сомонӣ маблағи боқимонда чораҷӯйӣ мешавад”, – қайд кард роҳбари Палатаи ҳисоб.

Чиллазода зикр кард, ки маводҳо оид ба натиҷаи санҷиш ба Прокураураи генералӣ пешниҳод шуд. “Умедворам, ки соли 2020 маблағҳо пурра баргардонида мешаванд”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.