Туркманистон манъи транзити борҳои Тоҷикистонро тариқи қаламраваш бекор накард

Сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи Тоҷикистон, ин мушкилот то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад. Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор дошт, ки “вақте бо ҳамтоёни туркмани худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, онҳо мегӯянд, ки сабабашро намедонанд”. Вазир қайд кард, ки роҳҳои Туркманистон натанҳо барои автомашинаҳои боркаши тоҷик, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи Тоҷикистон, ин мушкилот то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад.

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор дошт, ки “вақте бо ҳамтоёни туркмани худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, онҳо мегӯянд, ки сабабашро намедонанд”.

Вазир қайд кард, ки роҳҳои Туркманистон натанҳо барои автомашинаҳои боркаши тоҷик, балки ба автомашинаҳои кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон бору маҳсулот меоранд, низ баста боқӣ мемонанд.

“Барои баромадан ба Ховари Миёна бидуни убури қаламрави Туркманистон мо роҳҳои алтернативӣ пайдо кардем: тариқи Ӯзбекистон, Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва минбаъд то Эрону Туркия”, – гуфт вазир.

Худоёрзода таъкид дошт, ки дар муқоиса бо хатсайр тариқи Туркманистон ин хатсайр то Эрон 1 ҳазор километр дарозтар ва то Туркия баръакс, 434 километр камтар аст.

Зимнан илова шуд, ки корҳои ҳаллу фасли мусбати ин масъала идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли гузашта Туркманистон равуои нақлиётро бо бору маҳсулоти Тоҷикистон тариқи қаламраваш манъ кард. То ин дам ҳукумати Туркманистон транзити бору маҳсулоти Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2018 манъ карда, лекин он вақт ин мушкил дар муддати як моҳ ҳал шуд.

Тибқи баъзе маълумот, сабаби асосии чунин амали Туркманистон мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳан аз ҷониби Тоҷикистон аст, ки бояд ду кишварро тариқи қаламрави Афғонистон ба ҳам мепайваст.

Аммо муовини сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландарзода зимни нишасти матбуотӣ ин маълумотро рад намуда, изҳор дошт, ки ба онҳо расман чунин маълумот нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.