Осеби тоҷикон бар асари таркиши баллони газ дар Уралск

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони ғарбӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Ин мардон захмҳои гуногун бардошта, дар бемористон қарор доранд. Тавре портали “Мой город” хабар медиҳад, таркиш шоми 30-юми январ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух додааст. “Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, […]

Asia-Plus

Бар асари таркиши баллон (зарф)-и газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони ғарбӣ 3 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Ин мардон захмҳои гуногун бардошта, дар бемористон қарор доранд.

Тавре портали “Мой город” хабар медиҳад, таркиш шоми 30-юми январ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух додааст.

“Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шудааст. Дар майдони 89 метри мураббаъ девор ва рӯйпӯши сақфи бино оташ гирифтааст. Сӯхтор аз ҷониби кормнадони Хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд”, – гуфтааст сардори Раёсати коҳиши хавфи офатҳо ва назорат дар соҳаи мудофиаи гражданӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мардон аз таҷҳизоти газӣ гарм шуда, бо он баллони дуюмро гарм карданӣ шудаанд, ки дар натиҷа он таркидааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ин бино ба корҳои таъмир машғул будаанд.

Дар Раёсати тандурустии вилоят хабар додаанд, ки осебдидагон захмҳои сӯхта гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.