Муассиси Amazon дар 15 дақиқа беш аз $13 млрд бойтар шуд

Муассиси шикрати Амазон Ҷефф Безос дар зарфи 15 дақиқа дороии худро 13,2 млрд доллар зиёдтар кард. Ин ба туфайли босуръат болоравии саҳмияҳои Amazon рӯзи 30 январ ба андозаи 12% – то 2,1 ҳазор доллар имконпазир гардид. Тавре Bloomberg менависад, афзоиши арзиши саҳмияҳо дар натиҷаи мувафафқона ҷамъбаст шудани ҳисоботи семоҳаи фаъолияти ширкат, ки пешгӯиҳои таҳлилгаронро комилан […]

Asia-Plus

Муассиси шикрати Амазон Ҷефф Безос дар зарфи 15 дақиқа дороии худро 13,2 млрд доллар зиёдтар кард. Ин ба туфайли босуръат болоравии саҳмияҳои Amazon рӯзи 30 январ ба андозаи 12% – то 2,1 ҳазор доллар имконпазир гардид.

Тавре Bloomberg менависад, афзоиши арзиши саҳмияҳо дар натиҷаи мувафафқона ҷамъбаст шудани ҳисоботи семоҳаи фаъолияти ширкат, ки пешгӯиҳои таҳлилгаронро комилан нодуруст баровард, муяссар шуд. Amazon дар бораи даромад ба маблағи 87,4 млрд доллар, фоида аз саҳмияҳо дар ҳаҷми 6,47 млрд доллар (коршиносон $4,11 млрд интизорӣ доштанд) ҳисобот дод.

Дороии Безос, ки 12%-и Amazon ба ӯ мансуб аст, тақрибан то 129,5 млрд доллар афзуд. Bloomberg саҳеҳ мекунад, ки дар рейтинги Billionaires Index-и ӯ ин тағйирот алҳол сабт нашудааст: индекс пас аз баста шудани савдо рӯзи ҷумъа, 31 январ нав мешавад. Forbes дороии Безосро 116 млрд доллар арзёбӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.