Пешбарии 89 номзади аҳзоби сиёсӣ ба 41 курсии парлумон

Ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамагӣ 63 нафар вакилон интихоб мешаванд, ки  22 нафарашон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, яъне тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ ва 41 нафар – аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии парлумон бояд то 9 феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) худро ба қайд гузоранд. Пас […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамагӣ 63 нафар вакилон интихоб мешаванд, ки  22 нафарашон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, яъне тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ ва 41 нафар – аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии парлумон бояд то 9 феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) худро ба қайд гузоранд. Пас аз ин онҳо расман метавонанд ба маъракаи ташвиқу таблиғотӣ оғоз кунанд.

Рӯйхати ҳамаи 7 ҳизби сиёсии кишвар, ки номзадҳои худро ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ пешбарӣ кардаанд, 18 январ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.

Тибқи рӯйхати тасдиқшудаи КМИР, дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ ба 22 курсии вакилӣ дар маҷмӯъ 74 номзад аз ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабтшудаи Тоҷикистон довталабӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ҳамаи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба сурати умум 89 номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 41 номзад, Ҳизби аграрӣ – 29, Ҳизби сотсиалистӣ – 4, Ҳизби коммунист – 4 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 11 номзад пешбарӣ кардаанд.

Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзад пешбарӣ накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.