Ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои нақлиёти гаронарзиш

Якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои нақлиёти гаронарзиш аснои баргузории як амалиёт дар пойтахт ошкор шудааст. Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ин ва дигар қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт рейд гузарониданд. Нисбат ба соҳибони он воситаҳои нақлиёти гаронарзиш, ки бе иҷозатнома шишаҳои мошини худро сиёҳ кардаанд, […]

Asia-Plus

Якчанд далели бе иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои нақлиёти гаронарзиш аснои баргузории як амалиёт дар пойтахт ошкор шудааст.

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои пешгирии ин ва дигар қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт рейд гузарониданд.

Нисбат ба соҳибони он воситаҳои нақлиёти гаронарзиш, ки бе иҷозатнома шишаҳои мошини худро сиёҳ кардаанд, мутобиқи моддаи 330 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, шишаҳои ойинагӣ, шишаҳои сиёҳу хира ё маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Санадҳои мазкур барои чораҷӯйӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол гардидааст.

https://www.youtube.com/watch?v=q9i1lD67ZnQ

Аз ҷумла, нисбат ба ронандагони зерин:

Абдураҳмон Заминалӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, аломати қайди давлатиаш 0002 МЕ 01;

Раҷабов Юсуфҷон Ҳасанович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер, аломати қайди давлатиаш 1000 ЕА 02;

Хоҷаева Шаҳноза Анваровна, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0700 LL 07;

Нуров Фирӯз Абдураҳимович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0007 МО 01;

Муборакшоев Сино Меҳробшоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, аломати қайди давлатиаш 202 ХА 04;

Исмоилов Ҳоҷибой, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайта-Кемри, аломати қайди давлатиаш 0808 АА 01;

Абдураҳмонов Саидбек Сайнуриддинович, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайта-Кемри, аломати қайди давлатиаш 8073 НА 01;

Анзейн Георес, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Рав-4, аломати қайди давлатиаш 1210 АА 01;

Табаров Фирӯз Тағоймуродович, ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети, аломати қайди давлатиаш 4647 ЕЕ 01;

Расулов Абубакр Шамсович, ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, аломати қайди давлатиаш 2781 РВ 01;

Одинаев Сайхуҷа Маҳмадхоҷаевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Каролла, аломати қайди давлатиаш 5111 ВН 01;

Азимов Баракатулло Муртазоевич, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Прадо, аломати қайди давлатиаш н 772 ух 38 рус.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, мувофиқи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон барои идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшиша иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳатмист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.