Бунёди 8 корхонаи нав дар Тоҷикистон тибқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Соли 2019 Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро ба имзо расонид, ки мувофиқи онҳо 8 корхонаи нав сохта мешавад. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2019 Тоҷикистон бо ҷалби маблағгузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ 7 созишномаи сармоягузорӣ имзо кардааст. Мувофиқи онҳо 8 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад: […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2019 Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро ба имзо расонид, ки мувофиқи онҳо 8 корхонаи нав сохта мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2019 Тоҷикистон бо ҷалби маблағгузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ 7 созишномаи сармоягузорӣ имзо кардааст. Мувофиқи онҳо 8 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад: истеҳсоли маснуоти қаннодӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ; сементбарорӣ дар Душанбе ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва боз дигар корхонаҳои нав. Барои сохтмони онҳо наздики 2,4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Тавре Ҳамрализода қайд кард, ба ҳолати 1 январи соли 2020 шумори лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Тоҷикистон ба 65 расидааст.

Маблағи умумии онҳо беш аз 32 млрд сомониро ташкил медиҳад: 16,9 млрд. (52,6%) – маблағҳои қарзӣ, 13,6 млрд (42,4%) – грантҳо ва 1,4 млрд сомонӣ (4,4%) – саҳми ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Кумита, соли 2019 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 346 млн доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ворид шудааст, ки 6% бештар аз соли 2018 мебошад.

Аз лиҳози сармояугзориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019 Чин пшесаф мебошад (262,3 млн доллар). Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон – 33,1 млн доллар ва Туркия – 13,5 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.