“Барқи тоҷик” қарзҳояшро аз андоз пурра пардохтааст

Date:

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои пешин қарзи ширкат аз андоз то ба 300 млн сомонӣ мерасид.

“Аммо ширкат бо дастгирии ҳукумат ин қарзҳоро кам карда тавонист”, – қайд кард ӯ.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” ба маблағи 453,4 млн сомонӣ андоз пардохтааст, ки ин аз ҳаҷми андозҳои ҷорӣ қариб 60 млн сомонӣ бештар мебошад.

“Дар натиҷа ширкат пардохти ҳамаи андозҳои ҷорӣ ва бақияҳо (маблағи пурра пардохтнашудаи андоз – шарҳи идора)-ро таъмин намуда, ба ин васила қарзҳо аз андозро бартараф кард”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси ширкат, ин ҷо сари кадом як ҳисоббаробарие сухан намеравад, балки ҳамаи пардохт тариқи маблағи нақдии ширкат сурат гирифтааст.

Исмоилзода зикр кард, ки пардохти чунин маблағи зиёд ба туфайли ҷамъоварии хубтари пули истифодаи барқ аз истеъмолгарон муяссар шуд: нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 қариб 1,5 млрд сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ин, ширкати “Барқи тоҷик” бузургтарин корхонаи қарздори кишвар боқӣ мемонад.

Ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 январи соли равон 26 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки 21 млрд сомонии он ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишуда дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа аллакай амалӣ гардида, боз 13-то дар марҳилаи татбиқ қарор доранд) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...