Тоҷикистониён ба истихроҷи мустақилонаи металл ва сангҳои гаронбаҳо оғоз карданд

“Комиссияи махсуси Вазорати молия ба 48 шаҳрванди Тоҷикистон барои истихроҷи инфиродии канданиҳои фоиданок иҷозатнома дод”, – хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе. Вазири молия қайд кард, ки дархости боз тақрибан 30 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. “Ба фикрам, ин танҳо оғоз аст ва корҳо дар ин самт […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Комиссияи махсуси Вазорати молия ба 48 шаҳрванди Тоҷикистон барои истихроҷи инфиродии канданиҳои фоиданок иҷозатнома дод”, – хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза дар Душанбе.

Вазири молия қайд кард, ки дархости боз тақрибан 30 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. “Ба фикрам, ин танҳо оғоз аст ва корҳо дар ин самт тақвият меёбанд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, шаҳрвандони кишвар имкон доранд, ки металлҳои гаронбаҳои дар ихтиёр доштаашонро бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат фурӯшанд.

Вай афзуд, дар қаламрави ҷумҳурӣ 10 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо боз шуда, онҳо дар шаҳру ноҳияҳое қарор доранд, ки дар онҳо барои истихроҷи чунин канданиҳои фоиданок имкон вуҷуд дорад.

Ба воситаи ин нуқтаҳо тӯли 11 моҳи соли гузашта аз шаҳрвандон 4,5 кило тилло харида шудааст.

Қоидаҳои истихроҷ

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тиллои реза ва сангҳои гаронбаҳо иҷоза дода шуд.

Тартиби додани иҷозатнома ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи тилло ва сангҳои қиматбаҳоро ҳукумати Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 2019 тасдиқ кард.

Мувофиқи ин қарор, ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд. Шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд. Барои он гирифтани иҷозати Вазорати молия зарур аст.

Истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин метал бояд зиёд бошад. Масалан, водии дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.