Афзоиши ҳаҷми гардиши савдои чакана дар Тоҷикистон

Дар соли 2019 нисбат ба як соли пеш ҳаҷми умумии гардиши яклухт ва чаканаи молу маҳсулот дар нархи қиёзпазир ҳудуди 32 млрд сомониро ташкил дода, ба андозаи 5% ё худ 5 млрд сомонӣ афзуд. Сарвари Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал иттилоъ дод, ки дар ҳаҷми умумии фурӯш аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2019 нисбат ба як соли пеш ҳаҷми умумии гардиши яклухт ва чаканаи молу маҳсулот дар нархи қиёзпазир ҳудуди 32 млрд сомониро ташкил дода, ба андозаи 5% ё худ 5 млрд сомонӣ афзуд.

Сарвари Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал иттилоъ дод, ки дар ҳаҷми умумии фурӯш аз рӯйи вазни қиёсӣ дар маҳсулоти ғизоӣ гӯшт ва маснуоти ҳасибӣ (15,4%), орд ва нон (13,5%), шакар ва маснуоти қаннодӣ (6,8%), сабзавот ва картошка (6,1%) ва равғани рустанӣ (5,1%) бартарӣ доранд.

Аз маҳсулоти ғайриозуқа вазни қиёсии бештар ба масолеҳи сохтмон (28,1%), пойафзол, сарулибос, маҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагӣ (11,4%), матоъ (10,6%), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ (10,6%) ва маҳсулоти нафтӣ (10,4%) рост меояд.

Соли 2019 ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ беш аз 2,7 ҳазор сомонӣ (283 доллар) ҳаҷми гардиши чаканаи мол рост омадааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 2,9% боло рафта, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта зиёда аз 12,8 млрд сомониро ташкил додааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар соли 2019 нисбат ба соли пешин ба 108,0% баробар шудааст, аз ҷумла, ба маҳсулоти ғизоӣ – 110,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 104,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 105,5%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.