Вазорати молия: Супориши боло бурдани маошҳо пурра иҷро мешавад

“Тавре сарвари давлат супориш дода буд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябри соли равон боло бурда мешаванд”, – изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки маблағҳои зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст. “Ташаббуси сарвари давлат […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Тавре сарвари давлат супориш дода буд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябри соли равон боло бурда мешаванд”, – изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки маблағҳои зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст.

“Ташаббуси сарвари давлат пурра амалӣ хоҳад шуд”, – илова кард вазири молия.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, ки аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони буҷет, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% зиёд карда шаванд.

Пешниҳод шуд, ки маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳаҷми – 10%, дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо – 15% боло бурда шаванд.

Ба ҷуз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони то синни 18-сола, гурӯҳи шахсони маъюби бекор ва ба нигоҳубин ниёздошта ба андозаи 50% дар назар аст.

Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон – 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ – 1357 сомонӣ (140 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.