Дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесӯ натиҷагирӣ шуд. Барои пирӯзӣ дар ин озмун 600 нафар гулдухтарон рақобат карданд.
Пешбинӣ шуда буд, ки як нафар ғолиби озмун эълон мешавад, лекин интихоб ба тарзе мушкил шуд, ки дар ниҳояти кор ҳайати ҳакамон 15 нафарро ғолиб эълон карданд.
Қобили зикр аст, ки Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ гузаронида мешавад.
Гузориши видеоии мо аз чорабинии мазкур.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.