ВКХ ҶТ: Донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Ухан бемор нестанд

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сабаби таб доштан ё бо хоҳиши худ дар шаҳри Ухани музофоти Хубей монда буданд, гирифтори коронавируси Covid-19 нестанд. Ташхис нишон додааст, ки таби онҳо маъмулист. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд. “10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хобгоҳи донишгоҳ ва меҳмонхона […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз сабаби таб доштан ё бо хоҳиши худ дар шаҳри Ухани музофоти Хубей монда буданд, гирифтори коронавируси Covid-19 нестанд. Ташхис нишон додааст, ки таби онҳо маъмулист.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хобгоҳи донишгоҳ ва меҳмонхона қарор доранд. Донишгоҳҳои Ухан  мувофиқи имконоти худ онҳоро бо хӯрок ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Чин ҳамарӯза бо донишҷӯён ва масъулини донишгоҳҳо дар алоқа мебошад”, – изҳор доштанд аз ВКХ ҶТ ба “Азия-Плюс”.

Ёдрас мекунем, ки соати 7-и субҳи 11-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба Душанбе овард. Ҳамаи ин шаҳрвандон бо табибону кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати ҶТ, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, муддати 14 рӯз дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд.

“Онҳо давоми ду ҳафта дар осоишгоҳи “Харангон”, воқеъ дар 15 километрии шимоли Душанбе қарор хоҳанд дошт”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Шабонарӯзи гузашта аз бемории коронавируси COVID-19 дар Чин 121 нафар ҳалок шуданд. Шумори умумии фавтидагон дар ин кишвар ба 1380 нафар расидааст. Тибқи маълумоти Комиссияи миллии тандурустии Чин, теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ 63851 нафар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.