Бишкеку Душанбе доир ба ивази 23 гектар замин созиш ҳосил карданд

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Ботканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо баргузор шуд. Дар ҷаласа таҳти раёсати сарвазирони кишварҳо Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ивази мутақобилаи 23 гектар замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад созиш ҳосил шуд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Ботканд ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо баргузор шуд.

Дар ҷаласа таҳти раёсати сарвазирони кишварҳо Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ивази мутақобилаи 23 гектар замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад созиш ҳосил шуд.

“Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ба ҳалли баҳсҳои тӯлонӣ дар мавриди қитъаҳои сарҳад оғоз бахшида шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо.

Ба гуфтаи манбаъ, нисфи қаламрави барои иваз пешбинишуда ба Тоҷикистон ва нисфи дигари боқимондааш ба Қирғизистон тааллуқ дорад.

Дар бораи ивази маҳз кадом қитъаҳо дар қаламрави давлатҳо маълумоти мушаххас пешниҳод нагардид.

Дар гуфтушуниди Ботканд ҷонибҳо дар бораи ҳамкории минбаъда оид ба масъалаи таъин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо протокол ба имзо расониданд. Вохӯрии навбатии муовинони сарвазирони кишварҳо оид ба ин масъала охири моҳи марти соли ҷорӣ доир мегардад.

Дар Ботканд ҳамчунин Нақшаи ҳамкории байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар соли ҷорӣ имзо шуд. Дар нақша рушди робитаҳои мутақобилаи чонибҳо дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг ва маориф, инчунин ҳамкориҳои наздимарзӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.